Дар ноҳияи Вахш барои занону духтарон коргоҳи дӯзандагӣ кушода шуд

Коргоҳи дӯзандагии «Зебо» барои 20 нафар занону духтарон тайи моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз кард. Бино ба иттилои яке аз дӯзандагони ин коргоҳ Таманно Исматова, мақсад аз ифтитоҳи сехи мазкур баланд бардоштани савияи касбу ҳунаромӯзии занону духтарони хонанишин ва таъмин кардани онҳо бо ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, […]

Қурбонгул Зубайдова, махсус барои «Азия-Плюс»


Коргоҳи дӯзандагии «Зебо» барои 20 нафар занону духтарон тайи моҳи ҷорӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба фаъолият оғоз кард.

Бино ба иттилои яке аз дӯзандагони ин коргоҳ Таманно Исматова, мақсад аз ифтитоҳи сехи мазкур баланд бардоштани савияи касбу ҳунаромӯзии занону духтарони хонанишин ва таъмин кардани онҳо бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, коргоҳи мазкур барои толибилмон либосҳои ягонаи мактабӣ омода мекунад, зеро айни ҳол талабот ба ин маҳсулот зиёд аст.

Ин коргоҳи дӯзандагиро соҳибкори инфиродӣ Қурбон Достиев бунёд карда, бо дастгоҳҳои дӯзандагӣ муҷаҳҳаз сохтааст. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик боз 20 нафар занону духтарони хонанишинро соҳиби касб карда, бо ҷойи кор таъмин созад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.