Консерти хайрияи ситораҳои эстрадаи тоҷик дар ҷануб

Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Кӯрғонтеппа ба хотири дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Баҳром Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва дигарон таҳти унвони «Садои дилҳо» консерти хайрия доир мегардад. Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, Вазорати тандурустӣ, ширкати «Rusaid» ва маркази продюсерии Суҳроб Забиров шарикони консерти хайрия мебошанд. Лоиҳаи мусиқавии «Садои дилҳо» […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Кӯрғонтеппа ба хотири дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё, Баҳром Ғафурӣ, Фарзонаи Хуршед ва дигарон таҳти унвони «Садои дилҳо» консерти хайрия доир мегардад.

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, Вазорати тандурустӣ, ширкати «Rusaid» ва маркази продюсерии Суҳроб Забиров шарикони консерти хайрия мебошанд.

Лоиҳаи мусиқавии «Садои дилҳо» ташаббуси шаҳрвандӣ ба хотири пуштибонӣ аз муҳоҷирони корӣ, ҳамватанони ниёзманд ба дастгири иттилоотиву ҳуқуқӣ ва кӯдакони эҳтиёҷманд ба кӯмаки ройгони тиббӣ аст.

Ташаббускори консерти хайрия, продюсер Суҳроб Забиров дар робита ба чорабинии мазкур чунин изҳори назар кард: «Мо бо камоли хушнудӣ баҳри дастгирии насли наврас саҳми ночизе гузошта, боварӣ дорем, ки консерти мо қалбҳоро гарму хотироти фаромӯшношуданӣ боқӣ мегузорад. Ба туфайли ин чорабинӣ, мо насли наврасро ҳам дастгирӣ мекунем, ки ба онҳо ғамхории махсус зарур аст ва таваҷҷуҳи ҷомеаро ба масоили рӯзмарраи марбут ба муҳоҷирони корӣ ҷалб карданием».

Сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ изҳори умедворӣ намуд, ки чорабинӣ рӯҳияи таомшобинонро болида хоҳад сохт. «Мо ба шоду мамнун кардани ҳаводорони суруду мусиқӣ бо эҷоди худ ва дастгирии чунин ташаббуси хуби иҷтимоӣ омодаем», – гуфт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.