Ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА алайҳи қочоқи моддаҳои ҳастаӣ

Рӯзҳои 27-28 августи соли 2013 дар Душанбе вохӯрии намояндагони расмии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо мақсади баррасии  роҳҳои минбаъдаи инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баргузор гардид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур идомаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки моҳи январи соли 2007 замина гузошта шуда […]

ASIA-Plus


Рӯзҳои 27-28 августи соли 2013 дар Душанбе вохӯрии намояндагони расмии  Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон бо мақсади баррасии  роҳҳои минбаъдаи инкишоф додани ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баргузор гардид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрии мазкур идомаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошад, ки моҳи январи соли 2007 замина гузошта шуда буд ва барои пешрафти имкониятҳо дар пешгирӣ, ошкор намудан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ ва радиоактивӣ равона карда шудааст.

Дар рафти вохӯрии дурӯза намояндагони ИМА ва Тоҷикистон  бори дигар ниёз ба ҳамкориҳои зичи дуҷониба ҷиҳати пешгирии дастрасии террористон ва ҷинояткорон ба бозорҳои моддаҳои ҳастаиро қайд карданд. Иштирокчиёни ҷаласа, ки  намояндагони Парлумон ва як қатор идораҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони идораҳои давлатии ИМА буданд, зарурати вокуниши ҳамаҷонибаро бар зидди ҳолатҳои эҳтимолии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ қайд намуданд.

Дар рафти вохурӣ дар шаҳри Душанбе ҳарду ҷониб 31 қадами Нақшаи амали дуҷонибаро баррасӣ намуданд, ки моҳи ноябри соли 2011 ба имзо расида буд. Дар чорчӯби ин санад тарафҳо якдигарро бо маълумоти дастрас оид ба хатарҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ хабардор карда, инчунин таҷрибаҳои беҳтаринро дар самти ошкори моддаҳои ҳастаӣ, ташхиси судии ҳастаӣ, тафтишоти мақомоти қудратӣ ва инчунин омилҳои дигар барои ошкор кардан ва вокуниш нишон додан нисбат ба ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ баррасӣ намуданд. Ин музокираҳо як замина аст байни ИМА ва Тоҷикистон бо мақсади васеъ гардонидани имкониятҳо дар рафти тафтишот ва таъқиби қонунии қочоқчиёни моддаҳои ҳастаӣ мебошад.

Моддаҳои ҳастаии дастгиршуда дар давлатҳои дигар дар солҳои 2010-2011 аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар бозори сиёҳ моддаҳои ҳастаии иловагӣ дастрас мебошад ва онҳо бояд дар ҷойҳои мувофиқ ҷойгир шаванд ва низоми бехатарии нигоҳдории онҳо риоя гарданд. Ҳолатҳои эҳтимолии қочоқи моддаҳои ҳастаӣ ин хатар барои суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мебошад, ки бар зидди ин хатар тариқи ҳамкориҳои дуҷониба мубориза бурдан зарур аст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мақсади мустаҳкам гардонидани мубориза бар зидди қочоқи моддаҳои ҳастаӣ бо ҳукуматҳои кишварҳои дуст, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба  таври густурда ҳамкорӣ намуда, саъю кӯшиши хешро ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти мақомоти қудратӣ, инчунин имкониятҳои техникие, ки дар гузашта самаранокии худро дар ошкор ва боздошти ҳолатҳои қочоқи моддаҳои ҳастаӣ исбот кардаанд, равона менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.