Дар ҷашни Истиқлол тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунанд


Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз 8 то 10-уми сентябр истироҳат мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз «Дар бораи гузаронидани рӯзи истироҳат аз шанбеи 7-уми сентябр ба сешанбеи 10-уми сентябри соли 2013» қарор қабул кард.

Мутобиқи ин қарор, рӯзи истироҳати шанбеи 7-уми сентябр ба рӯзи сешанбеи 10-уми сентябр гузаронида мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное