Боздиди намояндаи махсуси Дабири кулли СММ аз АНМН

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори АНМН генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ оид ба Афғонистон, Роҳбари миссияи СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои паҳншавии маводи нашъадор ҳамчун яке […]

ASIA-Plus


Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори АНМН генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ оид ба Афғонистон, Роҳбари миссияи СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои паҳншавии маводи нашъадор ҳамчун яке аз таҳдидҳои асосии инсоният, инчунин дар бораи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба муқовимат бо қочоқи маводи мухаддир  сухан гуфтанд.

«Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокима намудани масъалаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ, инчунин муҳокимаи рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти мазкур буда, директори Агентӣ ҷаноби Кубишро бо вазъи мухаддиротӣ дар ҷумҳурӣ ва минтаъқа шинос намуд», – зикр мегардад дар хабари Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ба вазъияти Афғонистон ва рушди минбаъда дар минтаъқа баъди соли 2014 таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, ҷаноби Кубиш ба фаъолияти АНМН дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор баҳои баланд дод ва қайд кард, ки Агентӣ дар арсаи байналмилалӣ, дар байни кишварҳо ва созмонҳои бонуфуз обрӯю эътибори хоса дорад.

«Инунин дар рафти вохӯрӣ фаъолияти муваффақонаи ҳамкориҳо бо ҳамкасбони Афғонистон қайд карда шуд. Соли гузашта бо кӯшиши афсарони алоқаи Агентӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 28 амалиёт гузаронида, аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 3,5 тонна маводи мухаддир мусодира гардид», – омаддаст дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин ба ҳамкориҳо дар минтақа дар доираи «квартет»-и зиддимухаддиротӣ (ҶТ, ФР, ҶИА ва ҶИП), ташаббуси АҚТ (Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон) баҳои баланд дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.