Марзбонони тоҷик аз парашютчиёни бедаракшудаи қирғиз огаҳӣ надоранд

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистон, як гурӯҳи парашютчиёни қирғиз, ки дар мавзеи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин ҳафта фуруд омадаанд, то ҳанӯз дарёфт нашуда, хадамоти махсус дар ҳамдастӣ бо марзбонони ин кишвар дар чарогоҳи Сари-Ҷази вилояти Ботканд ба ҷустуҷӯи онҳо машғуланд. Хабаргузории КирТАГ бо истинод ба мақомоти дахлдор менависад, субҳи имрӯз сокинони наздики ин […]

ASIA-Plus


Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Қирғизистон, як гурӯҳи парашютчиёни қирғиз, ки дар мавзеи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамин ҳафта фуруд омадаанд, то ҳанӯз дарёфт нашуда, хадамоти махсус дар ҳамдастӣ бо марзбонони ин кишвар дар чарогоҳи Сари-Ҷази вилояти Ботканд ба ҷустуҷӯи онҳо машғуланд.

Хабаргузории КирТАГ бо истинод ба мақомоти дахлдор менависад, субҳи имрӯз сокинони наздики ин маҳал онҳоро дидаанд ва сипас як гурӯҳи кормандони милиса ба ин мавзеъ сафарбар шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои ТоҷикТА, марзбонони тоҷик низ аз ин ҳодиса огаҳӣ дошта, парашютчиёни қирғизро ҷустуҷӯ доранд. Ба иттилои хадамоти марзбонии тоҷик, парашютчиён дар наздикии маҳаллаи аҳолинишини Ворух, 140-километрии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд.

Котиби матбуотии Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» маълумот дар бораи аз ҷониби марзбонони тоҷик ҷустуҷӯ шудани парашютчиёни қирғизро тасдиқ накард. «Мо перомуни парашютчиёни бедаракшудаи қирғиз маълумоте дар даст надорем ва дар ин бора чизе гуфта наметавонем», – иброз дошт ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.