Адвокати Қувватов маълумот дар бораи истирдоди ӯро бардурӯғ хонд

spot_imgspot_img

Дата:


Николай Николаев, адвокати Умаралӣ Қувватов, пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» мутмаин аст, ки маълумот дар бораи эҳтимоли дар рӯзҳои наздик истирдод шудани зерҳимояаш дурӯғе беш нест.

Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» адвокат дар ин робита изҳор намуд, ки манбаъҳои муътамад аз консулгарии ҶТ дар Дубай низ имкони истирдоди ӯ баъди як ҳафтаро рад мекунанд. «Муборизаи иттилооотӣ ва таблиғотӣ ҷараён дорад. Агар Тоҷикистон дар ин бора садо баланд карда бошад, пас интизор мешавем. Онҳо хоҳиши аз даст нарафтани нуфузи мақомоти худро доранд», – чунин мешуморад Николаев.

Рӯзи 28-уми август як манбаъи огаҳ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад

муддати як ҳафта

ҳаллу фасл шавад.

«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошт манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл ҳамсари Умаралӣ Қувватов ба ВАО изҳор намудааст, ки дар сурати истирдоди шавҳараш, даст ба худкушии худу фарзандонаш мезанад. Ба қавли Николаев, Қувватов дар ин бора чизе намедонад ва касе ба ӯ хабар надодааст, зеро азият доданӣ нестанд. «Бе ин ҳам аҳволи ӯ мушкил аст», – мегӯяд адвокат.

Николаев ҳамчунин гуфт, бо Қувватов телефонӣ суҳбат дошта, ӯ хабар додааст, ки бори навбатӣ даст ба гуруснанишинӣ задаст. Ба савол дар бораи сабаби чунин тасмимгирӣ, адвокат хабар дод, ки Қувватов ба нишони эътироз алайҳи нигоҳдорӣ дар маҳбас бидуни ҳукм ва надоштани хоҳиши озод карданаш ба ин амал даст задаст. «Ӯ дар ҳуҷраи яккаса ва бидуни лавозимоти зарурӣ қарор дорад. Ӯро маъмурияти зиндон барои мусоҳибаи қаблиаш чунин муҷозот кардааст», – афзуд Николаев.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.

Ҳафтаи қабл Николай Николаев дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook навишта буд, ки ҳукми истирдоди Умаралӣ Қувватов ҳоло тасдиқ нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, нимаи ҳамин моҳ, аъзои  Ҳаракати ҷамъиятиву сиёсии «Гурӯҳи-24» бо пахши як баёния аз мусалмонони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ даъват ба амал овардаанд, ки садои худро барои озодии Қувватов баланд кунанд ва нагузоранд ӯ ба Тоҷикистон истирдод бишавад.

Ҳамчунин ҷамъе аз фаъолон ба хотири пуштибонӣ аз Умаралӣ Қувватов  ба СММ, Human Rights Watch, Amnesty International ва намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар муроҷиат намуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...