Оғози насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ дар роҳҳои пойтахт

Дар роҳҳои мошингарди пойтахт ба насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оғоз карданд. Дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Бухоро аллакай нурафкан (прожектор) ва камераҳои наворбардории видеойӣ гузошта шуданд. Камераҳо бар асоси амалисозии Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оид ба идораи автоматии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард насб мешаванд. […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар роҳҳои мошингарди пойтахт ба насби камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оғоз карданд. Дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Бухоро аллакай нурафкан (прожектор) ва камераҳои наворбардории видеойӣ гузошта шуданд.

Камераҳо бар асоси амалисозии Созишномаҳои қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Эксимбонки Чин дар бораи маблағгузорӣ ба лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оид ба идораи автоматии шабакаҳои роҳҳои автомобилгард насб мешаванд.

Ба овардани таҷҳизот барои амалисозии ин лоиҳа ширкати чинии Huawei Technologies Co. Ltd. машғул аст. Мувофиқи созишнома, ба пойтахт 850 адад камераҳои мушоҳидаи видеойӣ оварда мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилони парлумон дар робита ба созишномаи мазкур вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар тамоми чорроҳаву гардишҳо ва кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидаи видеойӣ гузошта мешаванд ва ба ин васила бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ бо таҷҳизоти худкори электронӣ назорат хоҳад шуд. Арзиши лоиҳа 22 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, 20,9 млн. $ аз он қарзи дарозмуддати имтиёзноки бонки Чин ва 1,1 млн. $ ҳиссаи Тоҷикистон аст.

«Қарз дар муддати 20 сол аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани ҳаракати роҳ баргардонида мешавад», – гуфт С.Наҷмиддинов.

Аз анҷоми амалисозии лиҳаи мазкур моҳи ноябри соли равон интизорӣ рафта, ба андешаи коршиносон, он натанҳо ба таъмини амнияту бехатарии ҳаракат дар роҳ, балки ҳарчи бештар ба ошкор сохтани қонуншиканон низ мусоидат хоҳад кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.