Аввали ҳафтаи оянда як гурӯҳи сенаторони Фаронса ба Тоҷикистон ташриф меоранд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, намояндагони палатаи болоии парлумони Фаронсаро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур хоҳанд пазируфт.
«Ҳайати сенаторони Фаронсаро раиси Гурӯҳи дӯстии палатаи болоии парлумони Фаронса бо парлумонҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Андрэ Дюлэ сарварӣ мекунад», – гуфт манбаъ.



