Генерали покистонӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд. Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Ашраф Парвиз Каёниро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои амнияту мудофиа ва ҳамгироии минтақавии ду кишвари дӯст дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ шуд.

Аз пайвастагии робитаҳои сохторҳои низомию амниятӣ ва махсуси ду кишвар ва натиҷаҳои назаррасии ҳамкории онҳо изҳори қаноат карда шуд.

Муҳокимаи вазъи Афғонистон ва ҳамгироӣ барои эҳёи амну субот дар ин кишвар низ аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, аз ҷумла хаттии баландшиддати барқии CASA-1000 ва пайвасти роҳҳои оҳани Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.