Иди асалу харбуза дар Душанбе

Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор шуд, аз ҷониби кишоварзони шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла 105 тонна харбуза, 45 тонна асал ва 85 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд. Ярмарка-фурӯши асал ва харбуза дар чор бозори пойтахт – Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» […]

Давлатёри Байдулло


Дар иди асалу харбуза дар шаҳри Душанбе, ки имрӯз баргузор шуд, аз ҷониби кишоварзони шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз




235 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз он ҷумла 105 тонна харбуза, 45 тонна асал ва 85 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод карда шуд.

Ярмарка-фурӯши асал ва харбуза дар чор бозори пойтахт



Шоҳмансур», «Варзоб», «Қарияи Боло», «Саховат» баргузор гашт.

Сардори сарраёсати кишоварзии Вилояти Суғд Файзулло Косимӣ зимни суханронияш иброз дошт, ки маҳсулоти кишоварзии дар чорабинии идона пешниҳодшуда бо нархҳои нисбатан арзон фурӯхта мешаванд.

«Масалан, як кило асал то 35 сомонӣ ва як дона харбуза аз 8 ва 10  сомонӣ боло арзиш доранд.  Дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархҳои 20-30% поинтар аз нархи бозор пешниҳод мегарданд», – қайд кард Қосимӣ.

Ба қавли ӯ, соли ҷорӣ кишоварзони  вилоят дар масоҳати  4400 гектар полезӣ кишт карда, аз он 2700 тарбуз ва 1700 харбуза хосил гирифтаанд. То санаи 1-уми август кариб 10 ҳазору  501 тонна махсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда ба мардуми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд. Ҳосилнокӣ зиёда аз 150 сентнер аз ҳар як гектар мебошад. 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.