Бинои Вазорати фарҳанг бо чароғҳои чинӣ ороста шуд

Бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо чароғҳои чинӣ ороста шуд, ки рамзи некиву хайр ва рӯшноиву тозагӣ мебошанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи вазорати мазкур Абдуҷаббор Абдуғаффоров хабар дода, таъкид дошт, ки ин чароғҳо аз ҷониби Чин туҳфа карда шудаанд. Назди даромадгоҳи бинои вазоратро ду чароғ бо услуби чинӣ зеб медиҳанд. Зери онҳо […]

Меҳрангез Турсунзода


Бинои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо чароғҳои чинӣ ороста шуд, ки рамзи некиву хайр ва рӯшноиву тозагӣ мебошанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи вазорати мазкур Абдуҷаббор Абдуғаффоров хабар дода, таъкид дошт, ки ин чароғҳо аз ҷониби Чин туҳфа карда шудаанд.

Назди даромадгоҳи бинои вазоратро ду чароғ бо услуби чинӣ зеб медиҳанд. Зери онҳо парчами ҷумҳурӣ ҷило медиҳад, ки дар шакли амудӣ овехта шуда, парчами Италияро ба хотири кас меорад.

Қобили зикр аст, ки ҳамин гуна чароғҳои чинӣ қаламрави корхонаи истеҳсолии «Тоҷиктекстил»-ро низ оро медиҳанд.

Чароғҳои маъмулии чинӣ рамзи эҳсону хушнудӣ ва некӯаҳволӣ мебошанд. Чароғҳои сурхи чинӣ барои ҷалби барору боигарӣ истифода мешаванд ва онҳоро маъмулан назди даромадгоҳи бино меовезанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.