Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар доираи амалисозии барномаи «Баргузории чорабиниҳои огоҳкунӣ ва пешгирии нашъамандӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд, Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон (ВМКБ) ва ноҳияҳои тобеи марказ» гурӯҳи таблиғотии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ки бо сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон қарор доранд, бо сокинони ноҳияи Дарвоз вохӯрӣ баргузор карданд ва он таҳти шиори «Мо – муқобили маводи мухаддир» доир гашт.
Як намояндаи агентӣ тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар чорабинӣ беш аз 2 ҳазор нафар ширкат варзида, дар доираи он викторинаи «Мо дар бораи маводи мухаддир чӣ медонем?» ва мусобиқаи варзишии «Дар ҷисми солим – рӯҳи солим» низ ташкил карда шуданд. Ба ғолибони чорабиниҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.


