Дар Тоҷикистон ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир се шаҳрванди хориҷӣ зиндонӣ шуданд

Се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонум Гарсиа Чона Гардоуси, як табаъаи Филипинро, ки қасд доштааст ҳудуди се кило ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи Савриддин Тошев, қозии ин додгоҳ, […]

BBC PERSIAN.com


Се шаҳрванди Африқои Ҷанубӣ, Филиппин ва Афғонистон ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир барои мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.




Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонум Гарсиа Чона Гардоуси, як табаъаи Филипинро, ки қасд доштааст ҳудуди се кило ҳероинро ба кишвари худ интиқол бидиҳад, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.



Ба гуфтаи Савриддин Тошев, қозии ин додгоҳ, хонум Гардоуси дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қабл аз парвоз ба шаҳри Истонбули Туркия аз сӯйи маъмурони гумруки Тоҷикистон боздошт шуда буд.



Муҳокимаи додгоҳӣ собит карда, ки хонум Гардоуси аз қабл бо як табаъаи афғон дар мавриди харидории ҳудуди се кило ҳероин тавофуқ карда ва қасд доштааст бо истифода аз ин масири парвоз ба кишвараш маводди мухаддир ворид кунад.



Савриддин Тошев афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин барои бори нахуст як табаъаи Африқои Ҷанубиро ба иттиҳоми мушобеҳ ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.



Исми ин шаҳрванди Африкои Ҷанубӣ Макомгоза Азвинддин Флора буда ва ӯ низ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе зимни талош барои қочоқи ҳудуди шаш кило ҳероин аз сӯйи маъмурони гумрук боздошт шудааст.



Ба гуфтаи оқои Тошев, ин табаъаи Африкои Ҷанубӣ қасд доштааст бо истифода аз хатти сайри Душанбе-Истонбул ба Йоханнесбург, пойтахти он кишвар, маводди мухаддир ворид кунад.



Муҳокимаи додгоҳӣ собит кардааст, ки ин ду шаҳрванди Филлипин ва Африкои Ҷанубӣ аз Хонзода валади Бутхок, як табаъайи Афғонистон, ки дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад, маводди мухаддир дарёфт кардаанд.



Додгоҳ оқои Бутхокро ба ҷурми қочоқ ва нигаҳдории маводди мухаддир ба 16,5 соли зиндон маҳкум кардааст.



Дар як моҳи ахир ин чаҳорумин мавриди муҷозоти атбоъи хориҷӣ барои иртикоби қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар аст.



Дар авохири моҳи гузашта додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хонум Матоу Агнес, табаъаи Угандаро ба хотири қочоқи беш аз 29 кило ҳероин барои 19 сол равонаи зиндон карда буд.



Коршиносон бо ишора ба ин, ки дар ин авохир мавориди даст доштани атбоъи хориҷӣ дар қочоқи маводди мухаддир аз Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар афзоиш ёфтааст, мегӯянд, ки дастрасӣ ба суди ҳангуфт қочоқчиёни маводди мухаддир аз хориҷи Тоҷикистонро низ ба ин шуғл водор кардааст.



Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, Тоҷикистон танҳо бо маъдуд кишварҳое дар мавриди истирдод ё табодули зиндониён созишнома имзо кардааст ва Филипин, Африкои Ҷанубӣ ва Уганда дар ин феҳрист шомил нестанд.



Ба ин далел, атбоъи ин кишварҳо, ки дар Тоҷикистон муҷозот мешаванд, бояд мӯҳлати ҳукми худро дар зиндонҳои ин кишвар анҷом диҳанд.



Вале маъмулан, ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз адои чанд соли аввали ҷазо, атбоъи хориҷӣ тибқи қонуни афв аз зиндон озод ва ба ватани худ мустарад мешаванд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.