Дар барномаи ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 зикр мегардад, ки истеҳсолои кишоварзии мавҷуда дар ҷумҳурӣ фоидаовар ва пурмаҳсул нест.
Дар барнома қайд мешавад, ки истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷойҳои кории устуворро ташкил намекунад, ки ин ба муҳоҷирати оммавии аҳолии қобили меҳнат оварда расонидааст.
«Имрӯз аз рӯи баҳодиҳии мавҷуда танҳо дар Федератсияи Россия қариб 1,2 миллион муҳоҷирони тоҷик (асосан мардон) кор мекунанд. Дар бахши кишоварзӣ тақрибан 550 ҳазор нафар одамон кор мекунанд, ки онҳо 20 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро истеҳсол мекунанд. Қариб 70 фоизи аҳолӣ мустақиман ё ғайримустақим бо хоҷагии қишлоқ алоқамандӣ доранд», – таъкид мегардад дар барнома.
Муаллифони барномаи зикр мекунанд, ки аз сабаби дар сатҳи баланд қарор доштани муҳоҷират аксарияти аҳолии қобили меҳнатро дар деҳот занон ва пиронсолон ташкил медиҳанд. «Аз ин лиҳоз қисми зиёди корҳои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби занон анҷом дода мешавад, ки дар бисёр ҳолат чун мардон аз ҳуқуқҳои худ, ба монанди андозаи саҳми замини хоҷагии деҳқонӣ, музди меҳнат, дастрасӣ ба маблағҳои молиявӣ ва қарзӣ истифода намебаранд. Инчунин нақши анъанавии зан дар сохтори иҷтимоӣ ба онҳо монеаҳо эҷод менамояд ва ӯ наметавонад дар баробари мардҳо аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя намояд. Бинобар ин, хеле зарур аст, ки таваҷҷуҳи махсус ба талаботи занҳо оид ба дастрасии замин, хариду фурӯши он, воситаҳои молиявӣ ва инчунин тақвияти малакаю баландравии сатҳи маълумотнокии онҳо дода шавад, то ки дар баробари мардҳо занон низ аз имкониятҳое, ки дар чорчӯбаи ислоҳот пешниҳод мегардад, истифода бурда тавонанд», – омадааст дар барнома.
Гуфта мешавад, дар навбати худ муваффақ гаштани ислоҳоти кишоварзӣ асосан аз то кадом андоза амалӣ гаштани имкониятҳои захиравии занҳо ва риоя гаштани ҳуқуқҳои онҳо дар ҳама самтҳои пешниҳоднамудаи ислоҳот вобастагӣ дорад.



