Волонтёрҳои ҲХДТ ба интихобот омодагӣ мегиранд

Ахири ҳафтаи сипаришуда машварати кории Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ “Созандагони Ватан” бо волонтёрҳо доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар машварат раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов ба волонтёрҳо вобаста ба пеш омадани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти Тоҷикистон ва моҳияти он сухан карда, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории ногусастанӣ бо Ҳизби […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи сипаришуда машварати кории Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҲХДТ “Созандагони Ватан” бо волонтёрҳо доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар машварат раиси ташкилоти мазкур Адҳам Мирсаидов ба волонтёрҳо вобаста ба пеш омадани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи президенти Тоҷикистон ва моҳияти он сухан карда, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории ногусастанӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин марҳила вазифаҳои волонтёрони “Созандагони Ватан”-ро мушаххас кард.

Зикр шуд, ки бинобар ҷиноҳи ҲХДТ будани ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳар як узв ва ҷонибдори ин ниҳод бояд дар маъракаи интихоботӣ ҳамеша дастёр ва кӯмакрасони ҲХДТ бошанд.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 25 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.