Гумрук: Боздошти хеши наздики сафир Қоимдодов бо героин


Иттилои интишоршуда дар чанде аз ВАО доир ба дар фурудгоҳи Душанбе бо як миқдор героин боздошт шудани писари сафири Тоҷикистон дар Белорус Қозидавлат Қоимдодовро як манбаъи воломақом дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон рад кард.

Ба қавли манбаъ, рӯзи 16-уми сентябр зимни тафтиши мусофирони хатсайри Душанбе-Маскав аз ҷониби кормандони гумрук ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ду нафар боздошт шудаанд, ки яке аз онҳо хеши наздики сафири тоҷик мебошад.

«Вале ин шахс писари ӯ нест. Қоимдодов як писар дорад, ки бемор аст. Боздоштшуда тағо (амак) ё бародари Қоимдодов аст. Мо инро муайян карда истодаемм», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, 2,5 кило героин дар пинҳонгоҳи ҷомадони яке аз боздоштшудагон дарёфт шудааст. Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш ҷараён дорад.

spot_imgspot_img

Популярное