Таъсиси гурӯҳи таҳияи лоиҳаҳо дар бахши кишоварзии Тоҷикистону БИР

Зимни мулоқоти чанде қабли вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо намояндагони Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии ҷаноби Демба Ба, сардори департаменти  кишоварзӣ ва рушди деҳот оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри таҳияи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ қарордод қабул гардид. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири кишоварзӣ зимни вохӯрӣ оид ба  стратегияи давлатии Ҳукумати […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти чанде қабли вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов бо намояндагони Бонки исломии рушд (БИР) таҳти роҳбарии ҷаноби Демба Ба, сардори департаменти  кишоварзӣ ва рушди деҳот оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри таҳияи лоиҳаҳои соҳаи кишоварзӣ қарордод қабул гардид.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, вазири кишоварзӣ зимни вохӯрӣ оид ба  стратегияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати  таъмини амнияти озуқавории мамлакат,  амалӣ гардидани «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» изҳори ақида намуда ҳамкорҳои дуҷонибаро бо  Бонки исломии рушд дар соҳаи кишоварзӣ  мусбӣ арзёбӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни табодули афкор миёни ҷонибҳо масоили диверсификатсияи маданияти парвариши зироатҳо (мубодилаи заминҳои пахта, рушди маданияти парвариши маҳсулоти баландсифати  содиротӣ, боғпарварӣ), татбиқи технологияи иноватсионӣ (рушди гармхонаҳои кишоварзӣ, обдиҳии қатрагӣ), таъсиси нуқтаҳои дилерии хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ, оид ба хариди техника, қисмҳои эҳтиётӣ ва кафолати хизматрасонӣ, рушди кооперативҳои соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани потенсиалӣ кормандони соҳаи кишоварзӣ, рушди ҳамкориҳои пайваста дар истеҳсол, нигоҳдорӣ ва маркетинги маҳсулотҳои кишоварзӣ (занбурпарварӣ, моҳипарварӣ, харгӯшпарварӣ) ва ғайра аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо дониста шуданд.

Ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ рӯзи сешанеи ҳамин ҳафта ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои минбаъда бо Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварда, бо раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ гуфтушунид анҷом дод. Давоми ҳафта инчунин мулоқотҳои ин ҳайат бо дигар мақомоти дахлдори Тоҷикистон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки моҳи декабри соли 1996 Тоҷикистон ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд. Сандуқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат аст, ки 15 лоиҳаи он ба маблағи 4,5 млн. $ ба кӯмаки техникии марбут ба арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудааст. Айни замон дар ҳамкорӣ бо БИР дар Тоҷикистон 15 лоиҳа комилан амалӣ гардида, дар доираи он 64 млн. $ маблағҳо азхуд шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.