Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар меҳмонхонаи «Ёқут»-и пойтахт (кӯч. Валаматзода, 52) таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе Фестивали байнулмилалии хайрияи таомҳои миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00; – Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон оғоз мегарданд; – Дар Ал-Қувайт мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба футбол оғоз гардида, […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар меҳмонхонаи «Ёқут»-и пойтахт (кӯч. Валаматзода, 52) таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе Фестивали байнулмилалии хайрияи таомҳои миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон оғоз мегарданд;

– Дар Ал-Қувайт мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба футбол оғоз гардида, дар гурӯҳи «А» дастаҳои Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан ҳарифони дастаи Тоҷикистон мебошанд;

– Фестивали дуюми ретроавтомобилҳо (автомобилҳои қадим) дар Душанбе баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Дар толори Театри давлатии драмавии рус ба номи В. Маяковский гурӯҳи рақсии ҳип-ҳоп «Ҳавикоро» ва Диҷей Ҷой Би аз шаҳри Ҳюстони иёлоти Техаси ИМА ҳнуарнамоӣ мекунанд. Оғоз соати 16:00;

– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардида, дар он номзади ИҶТ ба мансаби президентӣ эълон мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Дар толори Раёсати БДА ВКД ҶТ (кӯч. Ҷ.Расулов, 69) музоядаи рақамҳои давлатии силсилаи АЕ 08 доир мегардад. Арзиши як лот 270 сомонӣ аст. Оғоз соати 09:00;

 – Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ – 2013» интиқоли зойиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурӯъ менамояд. Вақти парвоз соати 06:00;



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7679

сомонӣ;


1

евро

– 6.1050

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1498

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


1949

– Ифтитоҳи Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав.


2000

– Анҷоми мандати Қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ дар ҶТ.


2001

– Маросими ба истифода додани қитъаи роҳи мошнигарди Мурғоб-Қулма доир гардид, ки роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғобро бо шоҳроҳи Қарақорум мепайвандад.


1912-1983

– Зодрӯзи актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Павел Суханов.


1918

– Мавлуди актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзо Мадаминов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.