Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани ҲХДТ интихоб шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро зимни конфронси имрӯзаи бахши вилоятии ҳизб дар Хоруғ ҳамчун вакили Анҷумани XI ҲХДТ аз ВМКБ интихоб карданд. «Ҳамин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ […]


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вакили анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Маркази таҳлил ва таблиғоти ҲХДТ Адҳам Мирсаидов хабар дод, Эмомалӣ Раҳмонро зимни конфронси имрӯзаи бахши вилоятии ҳизб дар Хоруғ ҳамчун вакили Анҷумани XI ҲХДТ аз ВМКБ интихоб карданд.

«Ҳамин тариқ, ҷараёни интихоби вакилон ба анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ дар саросари ҷумҳурӣ ба итмом расида, беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён вакилони анҷуман интихоб гардиданд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ рӯзи 4-уми октябри соли равон доир гардида, аз пешбарии номзади ҳизб ба мансабаи президентӣ дар он интизорӣ меравад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.