Машғулиятҳои сафорати ИМА барои занон-кормандони милитсияи тоҷик

Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА ( бахши INL) барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан” барои занон-кормандони милитсияи тоҷикро ба анҷом расонд.   Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номабаршуда созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда […]


Бахши байналмилалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА ( бахши INL) барномаи шашҳафтаинаи “Баланд бардоштани мақоми зан” барои занон-кормандони милитсияи тоҷикро ба анҷом расонд.

 

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, барномаи мазкур тавассути пудратчии бахши номабаршуда созмони “Эмерҷенс Групп”(TEG), дар ҳамкории зич бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пиёда шуда, аз 12уми август то 20уми сентябри соли равон дар Академияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, гузаронида шуд.  Ҳадафи лоиҳаи мазкур аз такмил додани ихтисоси занон-кормандони милитсия дар пешгирии зуроварӣ дар хонавода, худкушӣ байни занон, пешгирии ҷиноят байни ҷавонон ва ноболиғон ва хариду фурӯши одамон иборат мебошад.  Тибқи лоиҳаи мазкур шумораи занон-кормандони милитсия бояд зиёд гашта, нақши фаврии онҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шавад.  Ёздаҳ зан-ходими милитсия, ки дар ин курси омӯзишии шашҳафтаина ширкат варзиданд, соҳиби рутбаҳо ва вазоифи мухталиф дар Вазорати корҳои дохилии ҶТ мебошанд.

Занон-ходимони милитсияи мазкур бахши аввалини роҳбонии дучархасавори милитсияро ташкил медиҳанд ва ҷиҳати дастрасии хизматрасонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои занон ва ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи боварӣ ва эҳтиром миёни милитсия ва ҷомеа фаъолият хоҳанд кард.  Дар давоми курсҳои омӯзишӣ иштирокчиён бо бисту ду мавзӯъҳои гуногун шинос шуданд, минҷумла: усулҳои рондани дучархаҳои махсуси пулис, таҳлили рафтор, малакаи кор бо қурбониёни махсуси ҷиноят, ҷамъоварии босамараи иттилоот барои таъмини амният, пешгирии зуроварӣ дар хонавода, таҳқиқи ҷои содиршавии ҷиноятҳои зӯроварӣ нисбати занон, масоили гендерӣ, идораи ҳолатҳои бӯҳронӣ, таҳқиқи ҷиноятҳои марбут ба таҷовуз ба алоқаи ҷинсӣ ва дигар мушкилоте, ки занҳо-кормандони ҳифзи ҳуқуқ бо онҳо дучор мешаванд.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмим гирифтааст, ки дастгирии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адлияи Тоҷикистонро идома дода, бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти шаҳрвандони он ҳамкорӣ хоҳад кард.  Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари  ИМА ҷудо намудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.