Семинари миллии ИА оид ба таҳлили иттилоти махфӣ дар Тоҷикистон

16 нафар афсарони марбут ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти махфӣ дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз оҷонсиҳои мубориза бо маводи мухаддир, Кумитаи ҳифзи сарҳад, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук семинари миллӣ оид ба таҳлили иттилооти махфӣ ширкат намуданд. Тавре Сӯҳроб Қаҳҳоров, менеҷери Барномаи БОМКА дар ҶТ хабар дод, семинари мазкурро барномаи БОМКA, […]


16 нафар афсарони марбут ба ҷамъоварӣ ва таҳлили иттилооти махфӣ дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз оҷонсиҳои мубориза бо маводи мухаддир, Кумитаи ҳифзи сарҳад, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумрук семинари миллӣ оид ба таҳлили иттилооти махфӣ ширкат намуданд.

Тавре Сӯҳроб Қаҳҳоров, менеҷери Барномаи БОМКА дар ҶТ хабар дод, семинари мазкурро барномаи БОМКA, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешавад (МБСРМ), ташкил намуд.

Дар тӯли 5 рӯзи семинар тренери байналмилалӣ ба ширкаткунандагон мавзӯи таҳлили иттилооти махфиро дар форматҳои гуногуни интерактивӣ бо машқҳои амалӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин мавзӯъҳои ҷамъоварии иттилоот ва идоракунии он, таҳлили ҷиноят ва техникаи фикрронии интиқодӣ баррасӣ гардиданд.

Махсусан, тренер дар якҷоягӣ бо ширкаткунандагон роҳҳои таҳлили бизнеси ҷиноии марбут ба қочоқи маводи муходираро, ки ба соҳаи кори иштирокчиён алоқаманд аст, муҳокима намуданд. Интизорӣ меравад, ки мо дар охири семинар иштирокчиён бо назария ва амалияи техникаи аввалиндараҷаи таҳлилкунӣ ошно мегарданд.

Ҳадафи барномаи БОМКА ин кӯмак намудан дар такмили бехатарӣ дар Осиёи Марказӣ, мусоидат намудан дар қонунӣ гардонидани тиҷорат ва транзит ва ҳамчунин пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии одамон тавассути сарҳадоти Осиёи Марказӣ мебошад.

Барномаи БОМКA аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида ва фаъолиятҳои он тавассути БРСММ ва Маркази Байналмилалии Сиёсати Рушди Муҳоҷират амалӣ мешаванд (МБСРМ). 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.