Назари коршинос ба изҳороти нахусти номзадҳо ба мансаби президентӣ

То имрӯз чор нафар – аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд. Сиёсатшиносон ва иқтисодчиёни ҷумҳурӣ аллакай изҳороит нахусти номзадҳо […]


То имрӯз чор нафар – аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Сиёсатшиносон ва иқтисодчиёни ҷумҳурӣ аллакай изҳороит нахусти номзадҳо ба мансаби президентиро бо таваҷҷуҳи хосса пайгирӣ доранд.

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иқтисодчӣ, номзади илм, собиқ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон, собиқ узви ҳукумати ҷумҳурӣ Холмаҳмад Азимов роҷеъ ба изҳороти аввали чанде аз номзадҳо дар бораи масоили иқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамин тариқ, ба андешаи коршинос, изҳороти раиси ҲСТ, номзад ба мансаби президентӣ Абдуҳалим Ғаффоров оид ба дар сурати сари мансаб омадан, аз ҷониби ӯ бозбинӣ шудани натиҷаҳои хусусигардонии амволи давлатӣ, ки  ахири асри гузашта ва аввали қарни кунунӣ сурат гирифт, метавонад ба ҷудоиандозӣ дар ҷомеа боис гардад.

«Бозбинии натиҷаҳои хусусигардонӣ ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз лиҳози амалӣ имрӯз ғайриимкон аст ва чунин кӯшишҳо метавонанд вазъ дар ҷомеаро ноамн созанд», – чунин мешуморад Азимов.

Коршинос ба изҳороти раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов дар бораи таҳти назорати давлат қарор додани масоили воридот, фуруӯш ва нархгузорӣ ба маводи дорувориро ҷонибдорӣ мекунад, зеро ин таҷриба дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон роиҷ буда, ғамхорӣ оид ба солимии миллат ва ояндаи он вазифаи стратегии ҳар як ҳукумати солимфикр бояд бошад.

«Дар ҳамин ҳол, ман ба изҳороти Исмонов дар бораи таҳти назорати давлат қарор додани масъалаи вуруд ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ мухолифам, зеро чунин амал зидди иқтисоди бозаргонӣ аст. Дар ин самт давлат соҳибкорони машғул ба воридоти маҳсулоти нафтиро бояд дастгирӣ ва ба фароҳам овардани муҳити солими сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд», – таъкид дошт иқтисодчӣ.

Дар идома Азимов зикр кард, ки нақшаҳои Исмонов оид ба таҳти назорати давлат қарор додани тамоми операторони алоқаи мобилӣ сармоягузорони хориҷиро сахт ба ҳарос меандозад.

«Изҳороти номзади ҲАТ академик Толиббек Бухориев дар бораи таъсиси корхонаҳои сершумори коркарди нахи пахта ҷиҳати мусоидат ба рушди босуръати иқтисоди кишвар қобили таваҷҷуҳ аст, зеро бо бунёди чунин корхонаҳо ҳамзамон мушкилоти ҷойи кор ва таъмини рушди саноат ба қадре ҳаллу фасл мегардад», – афзуд коршинос.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.