Иқтисодчӣ Олимҷон Бобоев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бидуни алтернатива раиси ҳизб, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоевро ба сифати номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Олимҷон Бобоев хабар дод, дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон […]


Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бидуни алтернатива раиси ҳизб, доктори улуми иқтисодӣ, роҳбари Пажуҳишгоҳи иқтисоди Академияи улуми Тоҷикистон Олимҷон Бобоевро ба сифати номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Олимҷон Бобоев хабар дод, дар маъракаи интихоботи президентӣ Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон бо дигар аҳзоби сиёсӣ ба эътилоф ворид шуданӣ нест. «Айни замон дар сафҳои ҳизби мо ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муттаҳид шудаанд», – зикр кард раиси ҲИИТ.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд.

Ҳамин тариқ, то имрӯз 5 нафар – аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон дар ҳайати ҲНИТ ва ҲСДТ Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.