Пешгирӣ аз амали террористӣ дар пойтахти Тоҷикистон

Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз содир шудани як амалӣ террористи пешгирӣ карда шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар пойтахти кишвар мақомоти қудратӣ гурӯҳи террористонеро, ки анҷоми як силсила амалҳои террористиро тарҳрезӣ намуда буданд, безарар гардониданд. Аз ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода намешавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, […]

ASIA-Plus


Дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аз содир шудани як амалӣ террористи пешгирӣ карда шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар пойтахти кишвар мақомоти қудратӣ гурӯҳи террористонеро, ки анҷоми як силсила амалҳои террористиро тарҳрезӣ намуда буданд, безарар гардониданд.

Аз ҷузъиёти ҳодиса маълумот дода намешавад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, 23-юми сентябри соли 2013, соати 21:00 ба воситаи Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон барномаи махсуси телевизионӣ, вобаста ба дастгиршавии гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки тариқи пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, қасди содир намудани амали террористиро доштанд, намоиш дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол,

радиои «Озодӣ»

хабар медиҳад, ки чанде қабл як гурӯҳи «толибони тоҷик» аз Тоҷикистон ба хоки Афғонистон ворид шудаанд.

Манбаъҳои радиои «Озодӣ» хабар додаанд, ки ин афрод бо худ тазкира (шиноснома)–и афғонӣ доштаанд. Онҳо шиносномаҳояшонро аз вилояти Бағлони Афғонистон гирифта, номҳои худро ҳам тағйир додаанд, то дар ҳолати кушта шудан шинохта нашаванд.

Дар сомонаи радио иттилоъ дода мешавад, ки чанд рӯзи қабл Урдуи миллии Афғонистон дар дараи Вардучи Бадахшон амалиёти густардаи зидди Толибон ва ҳамтоҳои онҳо аз Ал-Қоидаву Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳро ба анҷом расид. Мақомоти Афғонистон хабар доданд, ки дар ин амалиёт 44 ҷангӣ кушта шудаанд ва дар миёни онҳо атбои хориҷӣ низ ҳастанд. Шахсияти кушташудаҳо мушаххас нашудааст.

Гуфта мешавад, ин дуввумин амалиёти бузурги нерӯҳои амниятии Афғонистон дар дараи Вардуҷ тайи соли равон аст. Амалиёти аввал, ки моҳи март ба апрел пиёда шуд, 16 корманди пулис ва 100 ҷангиро кушта ба ҷо гузошта буд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин миён чор шаҳрванди Тоҷикистон низ дар Бадахшон дастгир шуданд, ки се нафар узви Ҷамоати Ансоруллоҳ ва як нафари дигар узви Ҳаракати Исломии Узбакистон будаанд. Як узви Ҷамоати Ансоруллоҳ, ки Миралӣ Охунов, сокини ноҳияи Турсунзода муаррифӣ шуд, замоне ба дасти нерӯҳои амниятӣ афтод, ки мехост, алайҳи волии вилоят ва раиси амнияти Бадахшон амали террористӣ анҷом диҳад. Вазорати дифоъи Тоҷикистон қаблан эълом дошта буд, ки барои идораи вазъ нерӯҳояшро афзоиш додааст.

Аммо Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр иттилоъ дар бораи вуруди ҷангиён аз хоки Тоҷикистон ба Афғонистонро такзиб кардааст. Вай гуфтааст, марзҳои Тоҷикистон ҷиддан назорат мешаванд ва убури ҷангиён имконнопазир аст. Ҷаноби Раҳматуллоев афзудааст, агар ҷангиёни тоҷик дар дараи Вардуч ҳузур дошта бошанд, яқинан аз ягон кишвари дигар омадаанд ва ё дар худи Афғонистон иқомат мекунанд, бахусус ки онҳо шиносномаи он кишварро дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.