Дар амали террористии Бостон зодаи Тоҷикистон ҳам даст дорад?

Дар шаҳри Бостон (ИМА) як тоҷике боздошт шудааст, ки бо айбдоршавандагон дар парвандаи амали террористии марафони ин шаҳр шиносоӣ доштааст. Пулиси шаҳри Орландо (иёлати Флорида) зодаи 23-солаи Тоҷикистон Ашӯрмамад Миралиевро боздошт ва ба ӯ айбномаи таҳдид ба ҷабрдида аз ҷиноят пешниҳод кардааст. Аммо роҷеъ ба маҳз дар кадом ҷиноят будани он маълумот дода намешавад. Миралиев […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Бостон (ИМА) як тоҷике боздошт шудааст, ки бо айбдоршавандагон дар парвандаи амали террористии марафони ин шаҳр шиносоӣ доштааст.

Пулиси шаҳри Орландо (иёлати Флорида) зодаи 23-солаи Тоҷикистон Ашӯрмамад Миралиевро боздошт ва ба ӯ айбномаи таҳдид ба ҷабрдида аз ҷиноят пешниҳод кардааст. Аммо роҷеъ ба маҳз дар кадом ҷиноят будани он маълумот дода намешавад.

Миралиев дӯсти Иброҳим Тодашев, зодаи Чеченистон будааст, ки моҳи майи соли равон аз ҷониби агенти Бюрои федералии тафтишот (ФБР) ҳангоми бозпурсӣ оид ба амали террористӣ дар шаҳри Бостон парронида шуда буд. Бино ба иттилои Boston magazine, ҳабси ин ҷавон ба ҳеҷ гунае ба тафтиши қазияи амали террористӣ дар Бостон ва куштори Тодашев рабт надорад. Пас аз кушта шудани Тодашев низ Миралиев дар ҳамон манзил иқомат мекард.

Ёдрас мекунем, ки Иброҳим Тодашев бинобар сабаби шиносоӣ доштанаш бо бародарон Тамерлан ва Ҷохар Сарнаевҳо, ки созмондиҳандагони амали террористӣ дар марафони Бостон моҳи апрели соли 2013 маҳсуб меёбанд, моҳи майи соли равон ба бозпурсӣ даъват шуд. Ҳангоми бозпурсӣ Тодашев аз ҷониби намояндаи Бюрои федералии тафтишот кушта шуд. Тибқи иттилои расмӣ, Тодашев бо корд ба намояндаи мақомоти интизомӣ ҳамла карда, ба хотири ҳимоят корманди Бюрои федералии тафтишот ӯро парронидааст.

Аммо дар ВАО маълумоте мунташир гардид, ки мувофиқи он, Тодашев он замон аз бозпурсии чандинсоата ихтиёрро аз даст дода, ба корманди Бюрои федералии тафтишот дарафтодааст ва ба инкори маълумоти ҳукуматдорон, ӯ таппонча ё корде бо худ надоштааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.