«Рӯзи солимии зан»-и Кумитаи имдод дар Кӯлоб

Имрӯз шуъбаи тандурустии  Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар шаҳри Кӯлоб «рӯзи солимии зан»-ро доир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи мазкур Нигина Қаробекова хабар дод, ҳар сол ду маротиба дар тамоми дафтарҳои кории Кумита чунин чорабинӣ доир гардида, таври ройгон занон муоиинаву бо дорувории тиббӣ таъмин ва занони эҳтиёҷманд ба дармонгоҳҳо фиристода мешаванд. Ба […]

Турко Дикаев


Имрӯз шуъбаи тандурустии  Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар шаҳри Кӯлоб «рӯзи солимии зан»-ро доир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи мазкур Нигина Қаробекова хабар дод, ҳар сол ду маротиба дар тамоми дафтарҳои кории Кумита чунин чорабинӣ доир гардида, таври ройгон занон муоиинаву бо дорувории тиббӣ таъмин ва занони эҳтиёҷманд ба дармонгоҳҳо фиристода мешаванд.

Ба гуфтаи Қаробекова, дорувории тиббӣ дарҳол пас аз қабулу муоина дода шуда, амалиёти табобату ҷарроҳиҳоро Кумита пас аз пешниҳоди маълумот аз беморхонаҳо пардохт мекунад. «Бархе аз беморонро, ки муолиҷааашон дар Тоҷикистон ғайриимкон аст, мо ба пардохти нисфи арзиши равуо бидуни амалиёти ҷарроҳӣ, ба муассисаҳои тиббии Эрон мефиристем», – иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти номбурда, дар қароргоҳи марказии Кумита дар Душанбе сарфи назар аз макони иқомати бемор, «бо назардошти дар сабти ягон шуъбаи кории Кумита будани ӯ», ҳамарӯза аз 100 то 150 нафар занон ба муоина қабул карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин самт Кумита ба занони маҷбар сароони оила гардида ва занон аз қишри камбизоати аҳолӣ дасти ёрӣ дароз мекунад. «Имрӯз ман дар Кӯлоб на камтар аз 100 занонро ба муоина қабул карданиам», – афзуд Қаробоева.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.