КМИР: Дар ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ҳеҷ мушкиле нест

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор мекунад, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ин ё он номзад ба мансаби президенти кишвар ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод. «Моро мавқеи чанде аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар […]


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор мекунад, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории ин ё он номзад ба мансаби президенти кишвар ҳеҷ мушкилие ҷой надорад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод.

«Моро мавқеи чанде аз намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар ҳайрат мегузорад. Оид ба ҳама гуна масоиле, ки дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади онҳо Ойниҳол Бобоназарова пайдо мешавад, онҳо дарҳол барои матбуот дар бораи гӯё аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ монеъа эҷод кардан изҳорот медиҳанд, вале моҳиятан ин масъаларо дар ҳамон ҷо бо саривақт муроҷиат кардан ба КМИР метавон ҳал намуд», – зикр кард Додоев.

Ба гуфтаи ӯ, лаҳзаҳои корие, ки намояндагони ҲНИТ бо он дар шаҳри Турсунзодаву ноҳияҳои Мӯъминобод ва Рашт дучор шудаанд, фавран тавассути телефон аз ҷониби КМИР ҳаллу фасл гардидаанд.

«Намояндагони дигар аҳзоби сиёсӣ, ки номзадҳои худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд, то ҳол дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба мушкилие мувоҷеҳ нагардидаанд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...