Террористони боздоштшуда таркондани якчанд иншоотро тарҳрезӣ намуда буданд

Гурӯҳи террористони ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздоштшуда, роҳандозии таркишҳо дар назди чор дарвозаи пойтахт, як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар иншооти давлатиро тарҳрезӣ намуда буданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳро сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Маханови 29-сола […]


Гурӯҳи террористони ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе боздоштшуда, роҳандозии таркишҳо дар назди чор дарвозаи пойтахт, як қатор биноҳои мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар иншооти давлатиро тарҳрезӣ намуда буданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъи огаҳ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод, гурӯҳро сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Алимурод Маханови 29-сола бо лақаби «устод» роҳбарӣ мекардааст, ки дар яке аз лагерҳои ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар Покистон таълими ҳарбӣ гирифтааст.

«Айни замон 10 нафар аз аъзои фаъоли гурӯҳи терроистии мазкур боздошт ва аз онҳо таппончаҳо, адабиёти таблиғотӣ, нақшаҳои иншоот барои тарконидан ва ғайра дарёфту мусодира гардида, ҷустуҷӯи чанде аз аъзои он эълон шуд», – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, имрӯз, 23-юми сентябри соли 2013, соати 21:00 ба воситаи Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон барномаи махсуси телевизионӣ, вобаста ба дастгиршавии гурӯҳи муташаккили мусаллаҳи террористӣ, ки тариқи пинҳонӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, қасди содир намудани амали террористиро доштанд, намоиш дода мешавад.


Қаблан

иттилоъ дода будем, ки дар пойтахти кишвар мақомоти қудратӣ гурӯҳи террористонеро, ки анҷоми як силсила амалҳои террористиро тарҳрезӣ намуда буданд, безарар гардониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.