ХФМ: Ахири тобистон шумори шаҳрвандони тоҷик ба 1 млн. 230 ҳазор нафар расида буд

Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи ахири моҳи августи соли равон нашр кард. Бино ба маълумоти Хадамот, ахири тобистони соли равон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 230 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз […]


Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия маълумот дар бораи шаҳрвандони хориҷии дар қаламрави кишвар қарордоштаро аз руи синнусол ба санаи ахири моҳи августи соли равон нашр кард.

Бино ба маълумоти Хадамот, ахири тобистони соли равон аз аҳолии қариб 8 млн. нафараи Тоҷикистон ҳудуди 1 млн. 230 ҳазор нафарашон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки каме бештар аз 1 млн. 52 ҳазор нафарашонро мардон ва 177 ҳазор нафарашонро занон ташкил додаанд.

Аз ҷумла, ба санаи ахири моҳи август 86 361 нафар шаҳрвандони тоҷики ҷинси марди то 17-сола, 531 188 нафар – аз 18 то 29-сола, 245 141 мардони аз 30 то 39-сола, 143 174 нафар – аз 40 то 49-сола, 41 590 нафар – аз 50 то 59-сола ва 4 841 нафар –аз синни 60-сола болотар дар қаламрави Русия қарор доштаанд.

Шумори занони тоҷики ба аввали тирамоҳ дар қаламрави Русия қарордоштаро 34 263 нафар – то 17-сола, 62 303 нафар – аз 18 то 29-сола, 45 010 нафар– аз 30 то 39-сола, 24 749 нафар – аз 40 то 49-сола, 8 089 нафар – аз 50 то 59-сола ва 2  615 нафар – аз 50сола боло ташкил додаанд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.