Машваратҳои навбатӣ оид ба лоиҳаи «Роғун» моҳи октябр доир мегарданд

Машваратҳои навбатӣ оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои манфиатдор моҳи октяри соли равон доир мегарданд. Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин вохӯриҳо баррасии маълумоти ҳисоботи арзёбии гумбази намакӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳ, арзёбии иншооти мавҷудаи нерӯгоҳ, корҳои […]


Машваратҳои навбатӣ оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» бо ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои манфиатдор моҳи октяри соли равон доир мегарданд.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар ин вохӯриҳо баррасии маълумоти ҳисоботи арзёбии гумбази намакӣ дар майдони сохтмони нерӯгоҳ, арзёбии иншооти мавҷудаи нерӯгоҳ, корҳои иҷрошуда ва ҳамчунин арзёбии зилзиланокии минтақа пешниҳод хоҳад шуд.

Ин ҳуҷҷатҳо то охири моҳи сентябр барои шиносоӣ ва арзёбии ҷомеа ба нашр мерасанд. Ҳисоботҳо аз ҷониби мушовирон (Coyne & Bellier) дар ҳамкорӣ бо ҳукумати ҶТ омода гардида, мавриди омӯзиши гурӯҳи коршиносони иборат аз мутахассисони техникии Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд.

Дар намояндагии БҶ зикр карданд, ки баъди нашри гузоришҳо ҳукуматҳои кишварҳои манфиатдор ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муддати 4 ҳафта имкон хоҳанд дошт, ки онҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои худро ба Бонки ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд. Дар машвартҳои октябрӣ аз иштироки намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон интизорӣ меравад.

Муддати ду сол аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки коршиносони бонк, ҳукуматҳо ва намояндагони кишварҳои ҳавзаи дарёӣ се марҳилаи ҷаласа оид ба табодули маълумот ва баррасии таҳқиқоти арзёбии лоиҳа гузаронида шуд. Хайати ҳукумати Ӯзбекистон аз иштирок дар ин марҳилаҳо даст кашид.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар марҳилаҳои калидии ҷараёни ҳарду таҳқиқоти арзёбӣ баргузории чунин машваратҳо бо намояндгони кишварҳои минтақа ва иштироки коршиносони бонк ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд. Муддати чанд сол муҳлати анҷом ташхис ба вақти дигар гузаронида мешуданд ва имсол Тоҷикистон ба анҷоми арзёбии ташхиси лоиҳа умедвор аст.

Нерӯгоҳи Роғун иншооти сохтмонаш нотамоми гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон буда, пас аз анҷоми сохтмони он нерӯгоҳи бузургтарини обиву барқи дар минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Ҳарчанд миёни кишварҳои минтақа ҳам ҷонибдорону ҳам мухолифони идомаи сохтмони нерӯгоҳ мавҷуд бошанд ҳам, сарфи назар аз ин, Тоҷикистон умедвор аст, ки ин нерӯгоҳ бунёд гардида, натанҳо ба рушди Тоҷикистон, балки дигар кишварҳои минтақа низ такони ҷиддӣ мебахшад.

Айни замон ҳаҷми сармояи оинномавии ҶСК «НОБ Роғун» 6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.