Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон далелҳои дар филми филми сохтаву бофтаи мақомоти интизомии кишвар зери унвони “Пойбанди нафрат” аз тариқи шабакаҳои аввали ТВТ, “Чаҳоннамо, Сафина” ва дигар расонаҳои давлатӣ пахшшударо рад кард.
Дар изҳороти раҳбарияти ҲНИТ, ки дар сомоани расмии ҳизб интишор шудааст, дар ин робита гуфта мешавад, Сомон Муҳаббатов, каҳрамони ин филми дур аз ахлоқи инсонӣ ҳеч гоҳ узви ҳизб набуд. Ваҳшонияте ки номбурда моҳи июли соли равон дар ноҳияи Тоҷикобод содир намудааст, маҳз пас аз пешбарии номзади ИНИТ ба мансаби Президенти ҶТ аз тарафи ҲНИТ, мақомот бо саҳнасозиҳо онро барои бадномсозии ҲНИТ ба тамошобинон пешкаш намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки ниҳодҳои амниятӣ борҳо кушиш ба харҷ додаанд, то якчунин афроди хабарчину хабаркаши хешро ба суфуфи ҲНИТ шомил созанд. Агарчи С. Муҳаббатов соли 2012 чанд мартаба бо дастури мақомоти интизомии ҳукумат дар баъзе маҳфилҳои донишҷӯӣ дар ҲНИТ ба хотири дарёфти маълумот ҳузур ефта бошад ва масъулини ниҳодҳои интизомӣ аз амалиёти “бобарор” ҷиҳати воридсозии номбурда ба роҳбарияти хеш гузориш дода бошанд ҳам, аммо номбурда бинобар машкук будан ба узвияти ҲНИТ қабул нагаштааст ва дар рӯихати умумии аъзои ҳизб шахсияте бо ин ному насаб сабти ном нашудааст.
Дар идомаи изҳороти раҳбарият ҲНИТ гуфта мешавад, ҳамчунон бояд гуфт, ки аҳли хонаводаи Муҳаббатовҳо ҳама кормандони соҳаҳои гуногуни ҳокимият буда, ба ҲНИТ ҳеҷ алоқамандие надоранд. Сомон Муҳаббатов аз ҷумлаи гумоштагони ниҳодҳои махсус буда, маҳз бо пуштибонии ин ниҳодҳо дар яке аз факултаҳои овозадори ДМТ донишҷӯи соли сеюм буд.
Сохтакорӣ ва ё хеле содда монтаж шудани филмро ҳамагон дарк кардаанд. Матни суханронии ҷинояткор ҳам аз тарафи фармоишгарон таҳия шудааст ва номбурда бидуни дарки моҳияти масъала, таҷовузи ҷинсӣ шудани хешро иброз медорад, ҳатто агар чунин ҳодиса иттифоқ афтода бошад ҳам, шахси оқил дар суҳбат ҳеч гоҳ якчунин ҳарфҳоро ба забон нахоҳад овард.
Дар филм бархе аъзо ва мударрисинро дар «таълими ҷангҷӯӣ» муттаҳам намуда, онҳоро ба ҲНИТ пайванд додаанд, дар сурате ки ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод на мадраса дошту на мударрис. Онҳое ки гуё ӯро таҷовуз кардаанд, имрӯзҳо корманди иттиҳодияҳои динии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ мебошанд, ки дар ин бобат худи ҷинояткор аз матн қироат мекард.
Ҷои тааҷҷуб ин аст, ки чаро мақомот бо туҳмат ҷиноятҳоеро ба ҲНИТ рабт дода, ба намоиш мегузоранд, аммо дар робита ба ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ҳизби ҳоким хомуширо ихтиёр намудаанд?!
Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзои ҲХДТ дар ҳама гуна ҷиноятҳо,аз қабили ришвахорӣ, дуздии амволи давлатӣ, заминфурӯшӣ, қочоқи маводи мухаддир, таҷовуз, куштор ва ғайра ҷиноятҳо даст доштаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҳам кашида шудаанд, аммо боре ҳам узвияти онҳо дар радио ва телевизионҳои давлатӣ садо надодаанд.
Возеҳ аст, ки ташкили якчунин барномаҳо барои бадномсозии ҲНИТ дар садову симои давлатӣ дастуриву фармоишӣ буда, онҳо бар асоси «Протоколи 32-20» аз 24.11.2011 роҳандозӣ мегарданд.
“Дар банди 6 Протокол ба мушовири давлатии Президент якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор аз тарафи Президент Э. Раҳмон дастур шудааст, ки «-ҷиҳати дар васоити иттилооти омма дар асоси гуфтору рафтори роҳбарон ва фаъолони ҲНИТ таҳия ва нашр намудани маводи фошкунандаи фаъолияти ғайриқонунии онҳо чораҷӯӣ намояд;».
Мутаассифона ин гурӯҳ воқеъиятро воруна ҷилва дода, даст ба туҳмату фитна ва дуруғбофӣ задаанд, ки таблиғоти «антинаҳзат» -и мақомот пас аз мулоқоти Президенти ҶТ бо ходимони иттиҳодияҳои динӣ ва ин филми саропо моломоли туҳмату буҳтон намунаи гӯёи дастуроти Протоколи 32-20 мебошанд.
Тайи ду сол аст, ки мақомот бо роҳи ворид намудани фишор, зуроварӣ, таъқибу таҳқир ва ҳатто ҳавасмандгардонӣ ба фалаҷсозии ниҳодҳои ҳизби ва хориҷсозии афрод аз узвияти ҲНИТ машғуланд.
Имрӯзҳо ҳам пас аз пешбарии номзад ба мансаби Президенти ҶТ, намояндагони Президент дар маҳалҳо танҳо ба ҲНИТ монеаҳои ғайриқонуниеро иҷод намуда, дар раванди ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба ҷонибдорӣ аз номзад Ойниҳол Бобоназарова халал ворид карда истодаанд.
Барномаҳои зидди ҲНИТ, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти марказӣ ва маҳаллӣ, ниҳодҳои интизомиву амниятӣ анҷом меёбанд, мухолиф ба моддаҳои 14,27.,28 ва 29 Сарқонуни ҶТ ва моддаҳои 10,15-и Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мебошанд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба намоиш гузоштани филми мазкур берун аз одобу ахлоқ буда, амалҳои дигаре ки дар боло зикр шуданд, боиси коҳиши на танҳо обрӯи ҳукумат, балки кишвар дар дохил ва хориҷ аз он гашта, сулҳу оромии нисбии ҳоким дар ҶТ-ро халалдор месозанд.Чун муҳимтарин омили таъминкунандаи сулҳу субот ва рушди устувори давлату миллат дар ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва амали созандаи шаҳрвандони кишвар, сарҷамъии нерӯҳои аҳзоби сиёсӣ, фикрӣ ва расонаӣ дар атрофи манофеъи милливу давлатӣ мебошад.
Роҳбарияти ҲНИТ иқдоми ғайриқонунии мақомоти ҳокимияти иҷроия ва интизомиро қотеъона маҳкум карда, аз Ҳукумати ҶТ риояти бечунучарои меъёрҳои Сарқонуни ҶТ ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва хотима додан ба ин амалҳоро ҷиддан тақозо менамояд.



