Як қатор медиа-созмонҳои Осиёи Марказӣ озмуни минтақавии «Озодона дар бораи озодии сухан»-ро эълон карданд

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз Ассо тсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки озмунро Фонди байнулмилалии дифоъи озодии сухани «Одил соз» дар ҳамдастӣ бо Ассосиатсияи байнулмилалии дифоъи озодии баён IFEX , Фонди ба номи Конрад Аденауэр, Иттиҳодияи ҷамъиятии «Журналистон», Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва АМВАОМТ созмон додаанд. […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –

Аз Ассо


тсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки озмунро Фонди байнулмилалии дифоъи озодии сухани «Одил соз» дар ҳамдастӣ бо Ассосиатсияи байнулмилалии дифоъи озодии баён



IFEX


, Фонди ба номи Конрад Аденауэр, Иттиҳодияи ҷамъиятии «Журналистон», Иттифоқи журналистони Қазоқистон ва АМВАОМТ созмон додаанд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар озмун ҳамаи рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд ширкат варзида, маводи худро дар ҳама навъҳои рӯзноманигорӣ пешниҳод намоянд.



Мавзӯъҳои озмун чунинанд: «Озодии сухан: меъёрҳои САҲА ва таҷрибаи ватанӣ», «Озодии сухан ба кӣ лозим аст?», «Дар бораи чӣ ман навишта натавонистам», «Агар ин интиқом набошад, пас чист?» ва «Нисфи тахту тоҷ барои иттилоот». Мавод ва гузориш бояд ҳатман дар ягон намуди васоити ахбори омма нашр шаванд. Озмун аз 18уми сентябри соли 2008 то 15-уми апрели соли 2009 гузаронида мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.