Оғози лоиҳаи БҶ оид ба дастгирии идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба татбиқи лоиҳаи дорои арзиши 16,88 миллион доллари ИМА, ки ба дастгирии идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани дараҷаи устувории ҷомеаҳо ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим равона шудааст, оғоз бахшиданд. Тавре аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи заминистифодабарии экологӣ ва таъминоти […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ба татбиқи лоиҳаи дорои арзиши 16,88 миллион доллари ИМА, ки ба дастгирии идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани дараҷаи устувории ҷомеаҳо ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим равона шудааст, оғоз бахшиданд.

Тавре аз намояндагии БҶ дар Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи татбиқи Лоиҳаи заминистифодабарии экологӣ ва таъминоти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот


21,ҳазор хоҷагиҳои хонагӣ ё 126 ҳазор нафар аҳолӣ дар минтақаҳои алоҳидаи лоиҳа, ки 40 фоизи онҳоро занҳо ташкил медиҳанд, бевосита баҳра хоҳанд бурд.

«Лоиҳа ба дастовардҳои лоиҳаи Инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идоракунии ҳавзаи дарёҳо, ки дар натиҷаи амалӣ намудани он ва дастгирии истеҳсолот дар сатҳи деҳот ва сармоягузорӣ ба идоракунии захираҳои замин даромади аҳолии деҳот афзоиш ёфт, такя мекунад», – зикр мегардад дар иттилоияи бонк.

«Дар Тоҷикистон хавфи зар задани офатҳои табиӣ баданд буда он ҳамчун яке аз кишварҳои аз ҳама осебпазир ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад. Лоиҳа ҷиҳати беҳтар намудани фаҳмишу дарки ҷомеаҳо оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба замин, таъмини об, чорводорӣ ва растанипарварӣ кӯмак мерасонад. Бо истифодаи таҷрибаҳои идоракунии оқилонаи захираҳои табиӣ, ки барои Тоҷикистон мувофиқанд, ҷомеаҳо барои имрӯз ва солҳои оянда амнияти бештари озуқавориро ба даст хоҳанд овард», – иброз доштааст дар ин робита Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, иқдоми мазкур тавассути пешниҳод намудани грантҳои хурд ба деҳот ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлим ва идоракунии оқилонаи захираҳои замин, ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо дар ҳалли ин масъалаҳо, дастгирӣ намудан корҳои таҳлилӣ ва таҳкими иқтидор дар самтҳои алоқаманд бо хавфҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ, идоракунии фарогири захираҳои замин, об ва чарронидани чорво дар асоси ҳавасмадгардонӣ ба идоракунии оқилонаи захираҳои замин, амалӣ хоҳанд шуд. Лоиҳа дар ноҳияҳои Фархор, Кӯлоб, Ховалинг, Балҷувон, Тавилдара ва Ҷирғатол татбиқ мегардад.

Айни замон, лоиҳаи заминистифодабарии экологӣ ва таъминоти воситаҳои зиндагӣ дар деҳоти Тоҷикистон тавассути гранти иборат аз 9,45 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Барномаи таҷрибавии мутобиқшавӣ ба тағийрёбии иқлими Фонди стартегии иқлим (PPCR) ва гранти иборат аз 5,4 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Фонди экологии глобалӣ (GEF) маблағгузорӣ мешавад. Тоҷикистон яке аз 18 кишварест, ки дар барномаи PPCR, ки аз ҷониби Бонкҳои бисёрҷонибаи рушд дастгирӣ мегардад, иштирок мекунад.

Айни ҳол сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ аз 12 лоиҳа бо маблағи умумии $205,9 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи азимтарин ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27%), баъдан энергетика (24 фоиз), таъмини об ва беҳдошт (18%), рушди инсон – маориф, тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ (24%), бахши хусусӣ (4%) ва бахши давлатӣ (2%) рост меояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.