Суғд: Ифтитоҳи мактаби нав дар ҷамоати наздимарзӣ

Рӯзи 7-уми октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамин бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 20-ро мавриди истифода қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Хуррамзамин аз дуртарин ҷамоатҳои деҳоти Спитамен буда, дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Қоҳир Расулзода […]

ASIA-Plus


Рӯзи 7-уми октябр раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, дар ҷамоати деҳоти Хуррамзамин бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 20-ро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Хуррамзамин аз дуртарин ҷамоатҳои деҳоти Спитамен буда, дар минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шудааст. Қоҳир Расулзода пас аз буридани лентаи рамзӣ аз дохили бинои таълимӣ дидан карда, бо ҷараёни гузариши дарс таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ӯ зимни сӯҳбат бо устодону хонандагони ин мактаб, таъкид дошт, ки ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Сипас, Қоҳир Расулзода дар назди шогирдону устодон ва сокинони ҷамоат суханронӣ намуда, аз таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф дар солҳои ахир ёдовар шуд. Зикр гардид, ки аз оғози соли ҷорӣ дар миқёси вилоят сохтмони 44 иншооти таълимӣ ба охир расонида шуда, барои таъмиру барқарорсозии 100 иншооти дигар маблағгузорӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, бинои асосии мактаби № 20 –и ҷамаоти деҳоти Хуррамзамин соли 1968 барои 120 нафар хонанда сохта шуда, сохтмони синфхонаҳои иловагии мактаб аз соли 1991 инҷониб нотамом боқӣ монда буд. Он ҳамакнун дар заминаи муроҷиати сокинон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки аз 8 синфхона иборат мебошад. Алҳол дар ин мактаб ба 277 нафар хонандагон 24 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Фармоишгари ин иншооти таълимӣ Идораи сохтмони асосии вилоят буда, пудратчии он Колоннаи сайёри механиконидашудаи № 5 мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.