Ҷараёни сафари сарвари давлат ба Бадахшон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо вазъи зиндагии мардум ва такон бахшидан ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаи дурдасти кӯҳсор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди корӣ аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Дар ин ҷо нахуст як нерӯгоҳи хурди обии дорои иқтидори 900 киловатт/соат, ки бо харҷи 7 миллиону 126 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст, ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, бо фаъол шудани ин нерӯгоҳ мушкили норасоии нерӯи барқ дар маркази ноҳияи Ванҷ дар фасли зимистон пурра бартараф мегардад. Иттилоъ дода шуд, ки пас аз як моҳи дигар боз як нерӯгоҳи дигар бо иқтидори 300 киловатт/соат ба кор дароварда мешавад.

Дар маркази ноҳияи Ванҷ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишии дорои 300 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки барои намудҳои гуногуни варзиш бо тамоми шароити муосир бунёд ёфтааст. Тавре иттилоъ доданд, ин толор дар муддати 3 моҳ бо харҷи 2,5 миллион сомонӣ сохта шудааст.

Бо хушнудӣ зикр гардид, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони ҷумҳурӣ, ки моҳи декабри соли 2010 баргузор гардида буд, дар Тоҷикистон то имрӯз 2,5 ҳазор иншооти варзишӣ бунёд ёфтааст.

Дар боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Ванҷ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ин ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои ноҳияро дар солҳои гузашта, хусусан дар 9 моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои рушди ояндаи он дар назди роҳбарияти ноҳия ва масъулини вилоятию ҷумҳуриявӣ вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки барои истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, пеш аз ҳама санги мармар ва ҳам коркарди саноатии меваҷоти шаҳдбори Ванҷи ганҷрез тадбирҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Супоришҳои мушаххаси дигар, ҳамчунин зимни маҳфили пурсишу посух, аз ҷумла барои иҷрои талабу дархостҳои мардум дода шуд. Тибқи яке аз дастурҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Калон Дамдоров ду коргоҳи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ, асосан барои дӯхти либоси мактабӣ, то Наврӯзи 2014 бунёд карда мешавад. Дастур дода шуд, ки барои соҳибкорзани маҳаллӣ Ҷамила Усмонова, ки то имрӯз корҳои намоён анҷом додааст, бо ҷудо намудани маблағҳои ҷумҳуриявии грантӣ як коргоҳи бофандагию дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ барои духтарон аз оилаҳои ниёзманд сохта, туҳфа карда шавад.

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, нахуст бо бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон бевосита шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ,  лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.

Тибқи пешгӯии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 га доман паҳн намуда будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.