Дар қуллаи Сино рамзи фурудгоҳи Душанбе гузошта шуд

Ба наздикӣ дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Абуалӣ ибни Синоро,  ки 7134 метр баландӣ дорад фатҳ намуда, бо муваффақият баргаштанд. Тавре котиби матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита хабар дд, сафар ё экспедитсияи навбатӣ 20 рӯз давом карда, бо фатҳи қуллаи Ибни Сино, барафрохтани парчами давлатӣ ва гузоштани рамзи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар […]

ASIA-Plus


Ба наздикӣ дастаи кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Абуалӣ ибни Синоро,  ки 7134 метр баландӣ дорад фатҳ намуда, бо муваффақият баргаштанд.

Тавре котиби матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев дар ин робита хабар дд, сафар ё экспедитсияи навбатӣ 20 рӯз давом карда, бо фатҳи қуллаи Ибни Сино, барафрохтани парчами давлатӣ ва гузоштани рамзи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар фарқи қулла анҷом ёфт.

«Аъзои дастаи кӯҳнавардони ҷумҳурӣ, муҳандис ва ҳавонаварди чархбол Шамсиддин Қаҳҳоров аввалин нафарест, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қуллаи Сино барафрохт ва рамзи (логотип) фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки аз метали дюралюминий ҳаккокӣ шуда буд, дар ин қулла гузошт», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, Шамсиддин ёдовар шудааст, ки қуллаи Синоро дар ҳаштумин рӯзи сафар, таърихи 20 июл фатҳ намудааст ва дар он рӯз обуҳаво 20 дараҷа сард ва суръати шамол 150-200 м дар як соат будааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Шамсиддин Қаҳҳоров қуллаи Корженевскийро (7150 м) 9 маротиба, қуллаи Исмоили Сомониро (7495 м) ду маротиба, қуллаи Абуалӣ ибни Синоро (7134 м) як маротиба фатҳ кардааст. Ният дорад қуллаи Ғалабаро дар кӯҳҳои Тяншон (7439м), қуллаи Ханг Тенгри (7010м) ва қуллаи баландтарини ҷаҳон дар кӯҳҳои Ҳимолой -Эверестро (8848 м) фатҳ намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.