Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлолро ҷашн мегирад

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро ҷашн мегиранд. Расо ҳабдаҳ сол қабл дар Иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эълон гардида буд. Тайи ин 17 соли пур аз нишебу фароз Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳронҳои зиёдеро паси сар кард ва устуворонаву мунтазам ба […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро ҷашн мегиранд.




Расо ҳабдаҳ сол қабл дар Иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эълон гардида буд.



Тайи ин 17 соли пур аз нишебу фароз Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳронҳои зиёдеро паси сар кард ва устуворонаву мунтазам ба роҳи соҳибистиқлолӣ гом мебардошт.



Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ин ҷашн изҳор дошт, ки «ҳабдаҳ сол пеш миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад».


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.