Оғози кори Шӯрои ҳамоҳангсозони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

spot_imgspot_img

Дата:


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай кори худро Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмон шурӯъ намуд, ки дар кори он ҳамчунин Котиби генералии СҲШ ширкат дорад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, субҳи ҳамин рӯз ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзо ва Котиби генералии СҲШ-ро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ қабул намуд.

Дар рафти вохӯрӣ роҳбари идораи сиёсати хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки ин давраи дуюми раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони мазкур аз лаҳзаи таъсисёбии СҲШ ба ҳисоб меравад.

Вазири корҳои хориҷӣ шиори раисиро таҳти унвони – “ҳамкорӣ, ҳамрушдӣ, ҳамшукуфоӣ” эълон намуд ва дар бораи мавзуъҳои муҳими раисии Тоҷикистон дар СҲШ маълумот дод. Ҳамрохон Зарифӣ қайд намуд, ки кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон, ки бешубҳа, дар рушди ин Созмон саҳми арзанда мегузорад, минбаъд низ ба таҳкими ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд миёни давлатҳои аъзои Созмон, баланд бардоштани эътибори СҲШ дар корҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ равона хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи раисии гузаштаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ба ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз тарафи давлатҳои аъзо дар давраи раисии Тоҷикистон дар ин Созмон изҳори умед намуд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...