Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон имрӯз соати 16:30 боз номзадии профессор Олимҷон Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва академик Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрии Тоҷикистонро расман ба қайд гирифтанист.
Пас аз маросими расман бақайдгирии Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби президентӣ аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва 15 шахси бовариноки ӯ, ба журналистон дар ин бора аз КМИР хабар доданд.
«Санҷиши интихобии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо аз ҲИИТ ва ҲАТ муддати тамоми шаб идома ёфта, наздик соатҳои 15-и рӯз ба итмом мерасад», – гуфт як манбаъ аз КМИР.
Қобили зикр аст, ки шаҳодатномаи номзад ба мансаби президентии Эмомалӣ Раҳмонро раиси КМИР ба сардори ситоди пешазинтихоботии ӯ, муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров супурд.



