Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон бо фаъолияти комиссияҳои интихоботии ҳавзавии шаҳраки Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ваҳдату Қурғонтеппа шинос шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, зимни шиносоӣ «ба масоили ташкили ҳайати ин комиссияҳо ва ҷараёни чанде қабл анҷомёфтаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон таваҷчуҳи хосса зоҳир шудааст».
Ба иттилои манбаъ, ситоди нозирони ИДМ ба унвони КМИР, Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мактуб ирсол намуда, дархост кардааст, ки онҳоро аз баррасии арзу шикояти марбут ба қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот огоҳ намоянд.
«Чанде қабл муовини раиси Кумитаи иҷроия – котиби иҷроияи ИДМ Владимир Гаркун бо роҳбари гурӯҳи нозирони Дафтари демократия ва ҳуқуқи инсон (БДИПЧ)-и САҲА Бадеску мулоқот орост. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масоили усулҳои кори гурӯҳҳо табодули назар намуда, дар бораи роҳандозии минбаъда тавофуқ ҳосил карданд», – гфта мешавад дар хабари хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.



