Кордзании ҷавонон дар пойтахт рӯзи ҷашни Иди Қурбон

Рӯзи сешанбе, таҷлили Иди Қурбон кормандони милисаи пойтахт як гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар назди маркази тиҷоратии «Саодат» ба муноқиша пардохта, ҳамдигарро лату кӯб карданд. Яке аз иштирокчиёни муноқиша аз зарбаи корд ҷароҳати вазнин бардошт. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар муноқишаи дастаҷамъона сокинони пойтахт Саид Қурбонов, Ҷамшед Азизови 17-сола, Азамат Идбиек, […]

ASIA-Plus


Рӯзи сешанбе, таҷлили Иди Қурбон кормандони милисаи пойтахт як гурӯҳи ҷавононеро боздошт намуданд, ки дар назди маркази тиҷоратии «Саодат» ба муноқиша пардохта, ҳамдигарро лату кӯб карданд. Яке аз иштирокчиёни муноқиша аз зарбаи корд ҷароҳати вазнин бардошт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар муноқишаи дастаҷамъона сокинони пойтахт Саид Қурбонов, Ҷамшед Азизови 17-сола, Азамат Идбиек, Меҳроҷ Ҳалимов, Тоҳир Ҳасани 16-сола, Диловар Шарифови 20-сола, Ҳабибулло Қаландарзорда, Отабек Ҳамдамови 18-сола, Пӯлодҷон Ҷамолиддин ва Никита Кувшиди 17-сола иштирок доштаанд.

«Дар ин муноқиша Диловар Шарипов ноболиғ Саид Қурбоновро бо корди дар дасташ буда 2 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шуд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД.

Гуфта мешавад, гунаҳкорони ҳодисаи мазкур дастгир карда шуда, нисбати ҳолати ҷойдошта парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтиш идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.