Чӣ гуна ноболиғ Расул Амонулло сари рули мошин нишаст?

Ҳуқуқшинос, директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон»  Сергей Романов мегӯяд, тафтишот бояд чӣ гуна ва аз куҷо дастрас шудани ҳуҷчати ронандагии ноболиғ Расули Амонуллоро, ки бо гуноҳи ӯ дар садамаи нақлиёт се нафар ҷон бохтанд, ошкор намояд. Ӯ хотиррасон намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон рондани автомашина ба ноболиғе, ки ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ надорад, манъ […]

ASIA-Plus


Ҳуқуқшинос, директори созмони ҷамъиятии «Маркази мустақили ҳуқуқи инсон»  Сергей Романов мегӯяд, тафтишот бояд чӣ гуна ва аз куҷо дастрас шудани ҳуҷчати ронандагии ноболиғ Расули Амонуллоро, ки бо гуноҳи ӯ дар садамаи нақлиёт се нафар ҷон бохтанд, ошкор намояд.

Ӯ хотиррасон намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон рондани автомашина ба ноболиғе, ки ҳуҷҷати иҷозати ронандагӣ надорад, манъ буда, танҳо аз синни 18-солагӣ дастрасӣ ба он имконпазир мегардад.

«Агар ӯ чунин ҳуҷчат дошта бошад, пас бо кадом асосу аз куҷо ва чӣ гуна дастрас кардани онро мебояд ошкор намуд, ки ин салоҳияти тафтишот аст», – гуфт ҳуқуқшинос.

Ғайр аз ин, Романов аз эҳтимол дур намедонад, ки дар ин қазияи пурсарусадо шояд муқаррароти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ мавриди амал қарор гирад.

«Волидайн ба рондани автомашина набояд ба ӯ иҷозат медоданд, аз ин рӯ, нисбати падару модари Р.Амонулло низ бояд чораҳои дахлдор андешида шаванд», – иброз дошт Романов.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари

садамаи нақлиёти фоҷеабор

, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд.

Пас аз баргузор намудани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса бо мақсади муайян кардани гунаҳкорони садамаи фоҷебаор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, ошкор шудааст, ки

гунаҳкори ин садама Расул Амонуллои

16-сола будааст.

Аввали ҳамин ҳафта яке аз хешони ҷабрдида Маталиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки «муддати панҷ рӯз баъди садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо

ба аёдати ҷабрдидагон

ба Маркази миллии тиббӣ наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.