Осебдидагони садамаи нақлиётӣ дар бораи ин ҳодиса нақл мекунанд (видео)

Осебдидагони садамаи нақлиётие, ки бо иштироки Расули Амонулло – писари роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоқикистон” рух дод, нияти шикоят бурданро ба додгоҳ надоранд. Айни замон Шокир Маткамов, Азиза Рузиева ва Мадина Ахмедова бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тиббӣ (ММТ) қарор доранд. Ба гуфтаи зарадидагон, то имрӯз касе аз аҳли оилаи сабабгори садамаи нақлиётӣ ба […]

Ниҳонӣ Қадамова


Осебдидагони садамаи нақлиётие, ки бо иштироки Расули Амонулло – писари роҳбари КВД “Роҳи оҳани Тоқикистон” рух дод, нияти шикоят бурданро ба додгоҳ надоранд. Айни замон Шокир Маткамов, Азиза Рузиева ва Мадина Ахмедова бо ҷароҳатҳои гуногун дар Маркази миллии тиббӣ (ММТ) қарор доранд.

Ба гуфтаи зарадидагон, то имрӯз касе аз аҳли оилаи сабабгори садамаи нақлиётӣ ба аёдати онҳо наомадааст ва ягон ёрии молиявӣ нарасонидааст. “Агар онҳо инсоф дошта бошанд, омада хабар мегирифтанд… ба мо пули онҳо лозим нест”, – гуфт Шокир Маткамов.

Дар навори видеоӣ осебдидагон мегӯянд, ки ба додгоҳ шикоят бурданӣ нестанд. Онҳо сабаби қарори худро шарҳ надоданд, аммо илова карданд, ки ба кӯмаки молиявии сабабгори ин садамаи нақлиётӣ ниёз надоранд.

Тавре дар сӯҳбат бо Хабаргузории “Азия-Плюс” муовини сарвари ММТ Муродалӣ Сабуров изҳор дошт, шаби аз 8-ум ба 9-уми октябр ба Маркази миллии тиббӣ 6 тан зарардидагони садамаи нақлиётӣ оварда шуданд. Ду нафари онҳо аллакай фавтида буданд ва афроди боқимонда бо ҷароҳатҳои гуногун расонида шуданд. Дертар яке аз осебдидагон аз сабаби доштани ҳолати терминалӣ, дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ фавтид.

Чӣ тавре ки дар ММТ қайд карданд, устухонҳои дасту пойи Шокир Маткамов шикаста, ҷисмаш зарари ҷиддӣ дидааст ва ӯ чанд бори дигар ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон вазъи саломатии Мадина Аҳмадова аллакай қаноатбахш аст.

«Боз як духтари дар ин садама осебдида – Азиза Рӯзиеваи 24-сола, ки дасту пояш шикаста, узвҳои даруниаш ҷароҳатҳои ҷиддӣ бардоштаанд, то ҳол дар шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ қарор дорад», – гуфт Сабуров.

Дар ҳамин ҳол, яке аз хешовандони ҷабрдидагон ба Хабаргузории «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки «муддати панҷ рӯз баъд аз садама ҳеҷ касе аз намояндагони аҳли оилаи Ҳукумовҳо ба аёдати ҷабрдидагон наомадаанд, ки ҳадди ақал онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ кунанд».

Ёдрас мекунем, ки бар асари

 садамаи нақлиёти фоҷиабор

, ки шоми 9-уми октябр дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, 3 нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил гардиданд.

Пас аз гузаронидани амалиёти тафтишотӣ аз ҷониби кормандони милиса, муайян шудааст, ки 

сабабгори ин садама 

Расул Амонуллои 16-сола будааст.

https://www.youtube.com/watch?v=mGaD3ofosho

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.