Кумаки президент ба мусофирони осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск, ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии госпитал ва роҳбарияти […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск, ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати шахсии госпитал ва роҳбарияти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ дастур дод, ки барои ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҷароҳатбрадоштагон ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Ба гуфтаи ӯ, сарвари давлат ба ҳамаи осебдидагон аз садамаи қатора дафтарчаҳои амонатгузории БДА «Амонатбонк» бо маблағи ирсолшудаи 1 ҳазор сомонӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон

ба садама дучор шуд

. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.

Комиссияи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳқиқи сабабҳои ба садама дучор шудани қатораи самти Душанбе-Хуҷанд ба чунин хулосае расид, ки  садама бо гуноҳи роҳиоҳанчиёни ӯзбек рух додааст. Роҳиоҳанчиёни ӯзбек

эътироф намудаанд

, ки саривақт ҳамтоҳои тоҷики худро дар бораи баргузории корҳои таъмир дар ин қитъаи роҳ огоҳ накардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.