Ӯзбекистон вагонҳои аз садама зарардидаи Тоҷикистонро таъмир мекунад

ҶСК «Корхонаи таъмиру вагонсозии Тошканд» таъмир ва ба ҳолати коршоям овардани 8 вагони Тоҷикистонро, ки бар асари садамаи рӯзи 10-уми октябр зарар диданд, ба дӯш гирифт. Маҳз 8 вагони қатораи самти Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари садама дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳ канор рафта чаппа шуданд, зарар диданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» […]

Заррина Эргашева


ҶСК «Корхонаи таъмиру вагонсозии Тошканд» таъмир ва ба ҳолати коршоям овардани 8 вагони Тоҷикистонро, ки бар асари садамаи рӯзи 10-уми октябр зарар диданд, ба дӯш гирифт. Маҳз 8 вагони қатораи самти Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари садама дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳ канор рафта чаппа шуданд, зарар диданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, хунукназарии роҳиоҳанчиёни ӯзбек баръало возеҳу аён буд, зеро дар ин қитъаи роҳ аз ҷониби корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои таъмир гузаронида шуда, вале ҷониби Тоҷикистонро аз ин огоҳ накарда буданд.

«То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, дар натиҷаи ин садама раҳбарияти кишвари ҳамсоя чанде аз мансабдорони воломақоми ӯзбекро аз кор озод ва чандеи дигарро танбеҳ додааст.  Ҳодиса таҳқиқ ва дар маҳалли воқеъа санҷида шуда, сабаби он бе ин ҳам возеҳу аён буд ва мутахассисони тоҷик ба ватан баргаштанд», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ин қитъаи роҳ корҳои таъмир ба итмом расида, субҳи имрӯз қатораи масири Душанбе-Хуҷанд бо наваскрони тоҷик ба минтақаи шимоли кишвар раҳсипор гардид.

«Қатораи Душанбе-Хуҷанд доимӣ амал накарда, аз рӯи зарурат ба роҳ сафарбар мешавад. Ин дафъа бо ин қатора натанҳо мусофирони қаторӣ, балки хизматчиён ва наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба маҳалли таъинот фиристода шуданд», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон

ба садама дучор шуд.

Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шумори маҷрӯҳоне, ки бар асари ин садама ҷароҳат бардоштанду айни замон дар муассисаҳои тиббии вилояти суғд қарор доранд, 38 нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз

госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск

, ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.