Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағийроту илова ба қонун «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ» маъқул шуморида шуданд.
Тибқи ин тағйирот, тамоми муасссиаҳои тиббӣ, осоишгоҳҳо ва корхонаҳои дорусозӣ сарфи назар аз шакли моликият, бояд ҳатман аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба қайд гирифта шаванд.
Муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саида Ҷобирова дар ин робита ба вакилон изҳор кард, ки ин тадбир ба беҳбуди сатҳи сифати хизматгузории тиббӣ ва наздикшавии мутобиқати сатҳи тибби тоҷик ба талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, барои бақайдгирии пешбинишуда «хароҷоти иловагӣ аз буҷети давлатӣ пешбинӣ нашудааст, зеро тамоми хароҷоти марбут ба он ба дӯши худи муассисаҳои тиббӣ вогузор мегардад».



