Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ шумораи нахустини ҳафтаномаи «СССР» ба табъ хоҳад расид

Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 9-уми сентябр ҳафтаномаи тозаи сиёсиву ҷамъиятӣ таҳти унвони   «СССР» ба табъ хоҳад расид. Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия Плюс» муассис ва сардабири ҳафтаномаи тоза Сайёфи Мизроб гуфт, ҳафтанома рӯйдодҳои сиёсии дохил ва хориҷи кишварро инъикос хоҳад намуд. Ҳадафи аслии нашри ҳафтанома, […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, 9-уми сентябр ҳафтаномаи тозаи сиёсиву ҷамъиятӣ таҳти унвони

 

«СССР» ба табъ хоҳад расид.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия Плюс» муассис ва сардабири ҳафтаномаи тоза Сайёфи Мизроб гуфт, ҳафтанома рӯйдодҳои сиёсии дохил ва хориҷи кишварро инъикос хоҳад намуд.



Ҳадафи аслии нашри ҳафтанома, ба гуфтаи муассис, назар андохтан ба рӯйдоду воқеъоти 80 соли гузашта дар кишвар мебошад. «Вақти он расидааст, ки аз таърихи Тоҷикистони Шӯравӣ, бурду бохти халқи тоҷик дар ин марҳила натиҷагирӣ намоем, – гуфт С.Мизроб. – Масалан, дар шумораи нахустин роҷеъ ба тақдири шаҳрҳои таърирхии мо – Самарқанду Бухоро маводу гузориш ба нашр мерасанд». Ӯ мегӯяд, то замоне, ки мо шоҳидони зиндаву маводе оид ба ин давраи таърихӣ дорем, бояд онро ҳадафнок истифода барем, зеро танҳо дар ин сурат мо метавонем ба суолоти худ посух пайдо кунем.



Сайёфи Мизроб ҳамчунин ихор дошт, ки дар номи ҳафтанома аббревиатураи дигар ниҳон аст ва калидвожаи ин аббревиатура ба дасти хонанда аст. Ин як озмун аст, ксе ин калид калимаро дарёбад, азҳисоби ҳафтанома ба сайёҳати шаҳри Маскав меравад. Озмун то 9-уми сентябри соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт.



Теъдоди нашри нахустини рӯзнома 1200-1500 нусха хоҳад буд. Дар ҳайати ҳафтанома рӯзноманигороне чун Сафват Бурҳонов, Аҳмади Иброҳим, Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Раҷаби Мирзо, Аслиддин Достиев, Зафари Мирзоён, Хуршеди Атовулло, Нуралӣ Давлат ва дигарон фаъолият хоҳанд кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.