Боздиди сарвари давлат аз ноҳияи Фархор

Рӯзи 27-уми октябр сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  нахуст Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Фархор боздид намуда, бо иштироки сарвари давлат биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт. Сипас дар ҳузури сарвари давлат китобхонаи марказии […]

ASIA-Plus


Рӯзи 27-уми октябр сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат,  нахуст Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Фархор боздид намуда, бо иштироки сарвари давлат биноҳои нави Кумитаи иҷроияи маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Сипас дар ҳузури сарвари давлат китобхонаи марказии ноҳия ифтитоҳ ёфта, зимни шиносоӣ бо бинои китобхона, аз ҷумла зикр гардид, ки он бо харҷи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои 15 утоқи корӣ, хазинаи бузурги китоб, толори калони китобхонӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ мебошад.

Зимни ифтитоҳи осорхонаи нави ноҳиявӣ, ки дар як гӯшаи боғи фарҳангию фароғатӣ қарор дорад, иттилоъ дода шуд, ки ин бинои зебои дуошёнаи бо харҷи 2 миллион сомонӣ маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ бунёд ёфтааст.

Дар деҳаи Тоҷикистони ҷамотаи деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо иштироки президенти кишвар мактаби нави таҳсилоти миёнаи ҳамагонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ҳудуди ҳамин деҳа аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон санги асоси як маҷмааи тиббӣ, ки аз беморхона, таваллудхона ва дармонгоҳ иборат хоҳад буд, гузошта шуд.

Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебою муҳташам аст. Чунонки иттилоъ доданд, ин варзишгоҳ бо сарфи 12 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд ёфта, дорои зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст мебошад.

Дар маркази ноҳияи Фархор Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тӯйи хайрияи арӯсию домодӣ ва хатнасури кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд иштирок намуд.

Тавре зикр гардид, бо саҳмгузории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ ба таври дастаҷамъона  тӯйи хайрияи арӯсию домодии 15 ҷуфти ҷавон ва хатнасури 150 писарча аз хонаводаҳои ниёзманд ба роҳ монда шудааст. Дар ҳамин ҷо президенти кишвар ҳамчунин бо 38 нафар кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи ноҳия суҳбат намуда, ба ҳамаи онҳо кумаки яквақтаи моддӣ расонд.

Дар маркази ноҳияи Фархор бо иштирок Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба навсозии роҳҳои маҳаллӣ оғоз бахшида шуд. Тавре зикр гардид, дар муддати як соли оянда бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, аз ҷумла Ғуломалӣ Бояков, Бекмурод Шарипов, Акбаршо Неъматов ва Диловар Муҳиддинов 23 км роҳҳои маҳаллӣ навсози мешаванд. 10 км роҳ аз ҷониби танҳо  Диловар Муҳиддинов, ки соҳибкори тоҷик дар Федератсияи Русия мебошад, навсозӣ хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони як зумра иншооти нави замонавӣ оғоз ёфт, ки дар онҳо садҳо нафар аз аҳолии маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ хоҳанд шуд. Дар маркази ноҳия санги асоси як мактаби нави замонавӣ гузошта шуд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов сохта хоҳад шуд.

Дар маркази ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони бинои нави филиали Тоҷпромбонк низ оғоз ёфт. Тавре зикр гардид, ин бино ҳамчунин дорои меҳмонхона бо 20 ҷойи хоб хоҳад буд.

Дар ҷамоати деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор сохтмони як корхонаи ресандагӣ оғоз ёфт, ки бо харҷи 40 миллион сомонӣ маблағҳои  Тоҷиксодиротбонк аз ҷониби ширкати ватании Адолат дар зарфи як сол анҷом хоҳад ёфт. Корхона дорои иқтидори коркарди 4 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он 300 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.