Аксияи «Созандагони Ватан» бо ҷалби 100 ҳазор нафар интихобкунандагон


Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони “Президенти ман!” доир менамояд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, аксияи мазкур бо ҷалби бештар аз сад ҳазор нафар ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии волонтёрӣ роҳандозӣ гардида, дар доираи он дар мувофиқа бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дастгирии Ситоди Марказӣ ва ситодҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳпаймоии ҷавонон дар назар гирифта шудааст.

Ҳадафи асосии аксияи мазкур таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботӣ ва дастгирии номзади арзанда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баргузории он рӯзи 2 ноябри соли 2013, соати 8-00 дар марказҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар аксияи мазкур ҷавонон бо парчам, шиору овеза ва расми номзад дар хиёбону роҳҳои асосӣ роҳпаймоӣ намуда, дар нуқтаи хотимавии роҳпаймоӣ мулоқоти ҷавонон бо гуруҳҳои таблиғотӣ ва бо ҷалби ҳунармандон барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад. Инчунин, дар партави баргузории аксия дар вилояти Суғду Хатлон баргузории як қатор чорабиниҳои варзишии умумиҷумҳуриявӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар шаҳри Душанбе бошад, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии ситодҳои пешазинтихоботии номзад дар ноҳияҳои шаҳр аксияи мазкур санаи 3 ноябр дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо ҷалби ситораҳои эстрада чорабинии калони фарҳангӣ барои дастгирии номзад ба мансаби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор хоҳад гардид.

Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли 2011 таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 25 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 60 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное